Дар бораи Кумитаи иқтисод ва молия
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қаблан баррасии лоиҳаи қарорҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро гузаронида хулосаҳо пешниҳод менамояд ва муҳокимаҳои парламентӣ ташкил менамояд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон” барои соли навбатии молиявӣ хулоса ва пешниҳодҳо медиҳад, баррасии ҷамъиятии лоиҳаи қонунҳои алоҳидаро ташкил мекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дигар ваколатҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, амалӣ мекунад.
подробно