Дар бораи Кумита

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасии пешакии лоињаи қарорњо, қонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуқуқиро мегузаронад, муњокимаи парламентӣ ташкил менамояд, ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи буљети давлатии Љумњурии Тољикистон” барои соли навбатии молиявї хулоса ва пешнињод медињад, баррасии љамъиятии лоињаи ќонунњои алоњидаро ташкил мекунад.

Кумитаи Малиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дигар ваколатњое, ки дар Конститутсияи (Сарќонуни) Ҷумњурии Тоҷикистон, Ќонуни конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон “Дар бораи Маљлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон”,  дигар ќонунњои конститутсионї, ќонунњо ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон оварда шудааст, амалї мекунад.