Ваколатҳо

Мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти Кумита оид ба иқтисод ва молия иборат аз масъалаҳои зерин муайян шудааст:

  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтори буҷет ва протсесси буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети фондҳои ғайрибуҷетӣ, қарзи дохили давлатӣ, андозу боҷҳо;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои мутақобилаи буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими амалиёти суғуртавӣ, инкишофи институтҳои молиявӣ, биржаҳо ва бозори фонд;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаи танзими арзию гумрукӣ (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният);
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хазинадорӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит, омор ва омори молиявӣ;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими фаъолияти бонкӣ;
  • қонунгузорӣ оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, асосҳои идоракунии давлатии иқтисодиёт, аз ҷумла оид ба меъёрҳои амнияти иқтисодӣ ва идоракунии амволи давлатӣ;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои интегратсияи иқтисодии давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (якҷоя бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот);
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои нарх, танзими фаъолияти инҳисории табиӣ, соҳибкорӣ ва инкишофи соҳибкории хурд;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ихтиёрдорӣ ва идораи моликияти давлатӣ, аз ҷумла моликияте, ки ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода тааллуқ доранд ва дар раванди хусусигардонии моликият ба вуҷуд омадаанд, ҳамчунин моликияте, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ташкилу фаъолияти корхонаҳои шаклашон гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва қатъ кардани чунин фаъолият (ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра), инчунин танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат низ мавҷуд аст;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муомилоти саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода, ки дар раванди хусусигардонии моликият барпо шудаанд, муфлисшавӣ, дастгирии соҳибкорӣ, инкишофи бизнеси хурд ва миёна;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои иҷоравӣ;
  • қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои амволӣ (қарзӣ, гаравӣ, баҳодиҳӣ, муомилоти амволи ғайриманқул, идоракунии боэътимод, гарави амвол, хусусигардонии манзил ва ғайра);
  • баррасии пешакии ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон;
  • баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба додани ризоият ба доду гирифти қарзи давлатӣ;
  • ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти кумита дахлдошта;
  • мувофиқаи лоиҳаи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли навбатии молиявӣ, ки Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (якҷоя бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор);
  • ташкил, гузаронидан ва иштирок намудан дар симпозиумҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар оид ба проблемаҳои ислоҳоти иқтисодӣ;
  • омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин мавзӯъ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф;
  • фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти кумита дохил мешаванд.