Котибот

Котиботи назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар доираи Лоиҳаи  «Мустаҳкам намудани иқтидори Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» Барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ Мустаҳкам намудани ҷузъиёти идоракунӣ дар Тоҷикистон бо маблағгузории Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (ДФИД) таъсис дода шудааст.

 

Мақсади лоиҳа: мустаҳкам  намудани  иқтидори  Парламенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва хусусан Кумита оид ба иқтисод  ва  молия  ва  дигар кумитаҳо дар бахши  иштироки  Парлумони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми марҳалаҳои  ҷараёни буҷет бо мақсади таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои давлатӣ,  шаффофият  ва  ҳисоботдиҳии буҷет.

 

Қисматҳои (компонентҳои) лоиҳа:

 

Қисмати 1.  Мустаҳкам намудани иқтидори Кумита оид ба иқтисод ва молия ва дигар кумитаҳои манфиатдори МН МО ҶТ

  • Мусоидат барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор (мунтазам)

Қисмати 2.  Гузаронидани корҳои тадқиқотию таҳлилии новобаста

  • Гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар шакли омодасозӣ ба  муҳокимаҳои буҷетӣ ва таъмини  алоқаи  буҷет  бо  стратегияҳои вуҷуддоштаи рушд  (стратегияҳои соҳавӣ);
  • Устувор намудани иқтидори таҳлилии ҳам Котибот ва ҳам худи Парламент.

Қисмати 3.  Такмили иқтидори робитаҳои берунаи Парламент

  • Дастгирӣ намудани Кумита ва сохторҳои Парламент, ки бо аҳли ҷомеа  алоқа доранд,  аз ҷумла бо роҳи омода намудани тренингу омӯзишҳо барои кормандон, инчунин таҳияи маводҳои дахлдорро барои ВАО ва аҳли ҷамъият.
Аъзоёни Котибот:
Ра
ҳима Туйчиева – Ҳамоҳангсоз/Таҳлилгар
Людмила Борунова –
Таҳлилгар
Фируз Саидхо
ҷаев – Таҳлилгари хурд
Зарина Мамадалиева –
Маъмур /Таҳлилгари иттилоотӣ